- бало
- [بلا]а1. офат, фалокат, бадбахтӣ; балои ногаҳонӣ // балои осмонӣ офати табиӣ (аз қабили тӯфон, жола, сел, раъду барқ); балои азим а) офати ниҳоят калон; б) маҷ. ниҳоят шайтону маккор; балову қазо барин мисли офати ногаҳонӣ ва банохост дучоршаванда; ба балои бад гирифтор шудан дучори мусибат гардидан, гирифтори бадбахтӣ шудан2. сахтӣ, машаққат, азоб3. осеб, зарар, зиён; бало задан а) осеб расидан, зарар дидан; дучори нохушӣ шудан; б) маҷ. расво ва бемаза шудани коре; ҳеҷ бало карда натавонистан ягон зарар расонида натавонистан4. маҷ. дарди сар, ташвиши сарзиёд: ин корро кунӣ ҳам, як бало, накунӣ ҳам, як бало5. маҷ. маккор, шайтон, айёр; шахси шуми ба ҳар кирдор қодир ва рӯйнагардонанда аз ҳеҷ чиз; баду бало одами ҳилагару айёр, ки аз ҳар гуна душворӣ ба осонӣ мебарояд; балову бадтар // балою батар а) офату бадбахтӣ; азобу машаққат; б) киноя аз ҳар гуна чизҳои даркору нодаркор, лашу луш, чизҳои гуногун; ба бало мондан а) дучори мусибат шудан, гирифтори бадбахтӣ шудан; б) маҷ. ба худ дарди сар харидан, дар натиҷаи ягон амали худ ба ташвиш мондан; чӣ бало а) ҳиссачаи таркибии ифодакунандаи ҳайрат ва тааҷҷуб магар?; б) чӣ гап?, чӣ воқеа?; боз чӣ балои дигар ҳар навъ корҳои дигар; балои ҷон шудан (гардидан) боиси ташвиш ва нороҳатӣ шудан, заҳмати сарзиёдӣ шудан; аз бало ҳазар (мақ.) аз бад дур будан беҳтар аст, бо бадӣ кордор нашудан хубтар аст; бало ба пасаш ҳар фалокате, ки бошад, ба худаш шавад (дар мавриди кордор нашудан, ба аҳволи худ вогузоштани касе, чизе гуфта мешавад); балоят (балояш) занад; балоятро (балота) гирам тасаддуқат шавам, қурбонат гардам (одатан дар мавриди навозиш гуфта мешавад); дили одаткарда – балои ҷон (мақ.) тарки одат амри муҳол
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.